Санаи 9 марти соли равон дар Меҳмонхонаи “Серена” дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишӣ оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар даври омӯзишӣ Муҳсинзода Ғ.М., муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Риа Хираока Директори
Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд, Азиз Ҳайдаров – сардори бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд Самвел Х., мушовири байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат; масулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; шарикон оид ба рушд ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар даври омӯзишӣ аз ҷониби Самвел Х., мушовири байналмилаӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат муаррифии усулҳои асосии татбиқи низоми маблағгузорӣ вз рӯи натиҷаи табобат, вобаста ба ҷузъҳои асосӣ ва шартҳои татбиқи он, Ҳисобномаи буҷет, ташкили буҷет ва қоидаҳои маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат, ҳисобнамоии пардохтҳои завасмандгардонии кормандон маълумоти кофӣ дода шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 №465 дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ ва Фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2021, №1086 ва №177 оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ба имзо расонида шудааст.