Home > ХАБАРҲО > Дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат муаррифӣ шуд

Дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат муаррифӣ шуд

Санаи 9-16 марти соли равон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон даври омӯзишӣ оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат баргузор гардид

Дар даврҳои омӯзишӣ масулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия; кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат, мушовири миллӣ-маҳаллӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат, духтурҳо, ҳамшираҳо ва бародарони шафқати беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва масулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ширкат варзиданд.

Дар даври омӯзишӣ аз ҷониби Самвел Х., мушовири байналмилаӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат муаррифии усулҳои асосии татбиқи низоми маблағгузорӣ вз рӯи натиҷаи табобат, вобаста ба ҷузъҳои асосӣ ва шартҳои татбиқи он, Сиситемаи иттилоотии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат, Ҳисобномаи буҷет, ташкили буҷет ва қоидаҳои маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат, ҳисобнамоии пардохтҳои завасмандгардонии кормандон маълумоти кофӣ дода шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 №465 дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ ва Фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2021, №1086 ва №177 оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ба имзо расонида шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *