Аз 14.02.2022 то 16.03.2022 дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишӣ оид ба Муоширати ивази рафтори иҷтимоӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҷумла, Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баргузори гардид
Даври омӯзишӣ бо иштироки кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва МД “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” ба раисони маҳала, фаъолони ноҳияҳои таҷрибавӣ ва кормандони шабакаҳои Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки даврии омӯзишии мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак ба воситаи чорабиниҳои мухталифи комуникасионӣ равона шуда, ҷиҳати баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба иваз намудани муоширати рафтори иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои ноҳияҳои таҷрибавӣ ба масулини ноҳия маълумоти кофӣ дода шуд.