Home > ХАБАРҲО > Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” беҳтарин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар соли 2021 дониста шуд.

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” беҳтарин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар соли 2021 дониста шуд.

Санаи 5 апрели соли равон дар толори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими Сертификати беҳтарин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар соли 2021 ба Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд- 0627– TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросим Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Фируз Сафаров, ёрдамчии бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ганҷина Фазилова, мутахассиси хурд оид ба татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шавкат Восиев, таҳлилгари татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муттабархон Раҳимова, таҳлилгари хурди татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҳмудзода Исфандиёр, менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ширкат варзиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд- 0627– TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар соли 2021 дониста шуда, ба ҳар як корманди Лоиҳа, сипосномаи расмӣ дар шакли сертификат тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *