Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола ба санаи 7 апрел рост меояд, чун дигар мамолики олам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт. Маврид ба тазаккур аст, ки бобати таҷлили ин санаи барои сиҳатии омма муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомоти идонаро дар саросари кишвар роҳандозӣ намуд.
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Сайёраи мо солимии мо” машварату муоинаи беморон дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар саҳни бинои пажӯҳишгоҳи мазкур барои қабул ва суҳбати озоду ошкорои мутахассисон бо шаҳрвандон шароити муосид фароҳам гардида, дар маҷмӯъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти лозима муҳайё карда шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар шаҳру вилоятҳои мамлакат низ роҳандозӣ гардид, ҳазорон шаҳрванди ҷумҳурӣ аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар ташхиси ултрасадо, рентген, озмоишгоҳу лабараторияҳои сайёр ҷиҳати муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо роҳандозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабинии муҳим дар ақсои олам хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват аст ба тамоми табибони ҷаҳон, то ки дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ ва аз рӯйи садоқату самимият ба ҷо оранд. Ва ниҳоятан ин рӯз муроҷиат ба аҳли башар аст, ки сиҳатӣ ин гавҳари ноёб асту дар ҳама ҳолат баҳри ҳифозати он кушиш бояд кард.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола 7 апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳониии тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва он ҳар сол таҳти шиорҳои гуногун баргузор карда мешавад. Бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли ҷорӣ санаи мазкур таҳти шиори «Сайёраи мо солимии мо» сурат гирифт.
