Home > Бе рубрика > Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо сертификати ифтихорӣ сарфароз гардонида шуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо сертификати ифтихорӣ сарфароз гардонида шуд

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар Лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо сертификати ифтихорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд сарфароз гардонида шуд.

Дар ҷорабинии мазкур Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Фируз Сафаров, ёрдамчии бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ганҷина Фазилова, мутахассиси хурд оид ба татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шавкат Восиев, таҳлилгари татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муттабархон Раҳимова, таҳлилгари хурди татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмудзода Исфандиёр, менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ширкат варзиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ шуда истода, ҳадафи асосии Лоиҳа беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кудакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *