Home > ХАБАРҲО > Оғози Миссияи Бонки осиёии рушд

Оғози Миссияи Бонки осиёии рушд

13 июни соли 2022 Миссияи Бонки осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Хайман Кяв Вин Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва иштироки Азиз Ҳайдаров сардори бахши идоракунии Лоиҳаҳо, Ҷоселин Нарсиско таҳлилгари Бонки осиёии рушд, Ганҷина Фозилова ёвари хурди бахши идоракунии Лоиҳаҳо ва Фируза Додомирзоева ёвари калони бахши идоракунии Лоиҳаҳои Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар аввал вохурии ҳайати Миссия ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ҷиҳати Рӯзнома, мақсад ва ҳадафҳои Миссияи Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон музокираҳо баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки дар рафти миссия, амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафари расмии Миссия ба ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла, Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва шАмсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, вохӯриҳо бо масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ва инчунин Нақша-чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *