15 июни соли 2022 Миссияи Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии
Хайман Кяв Вин Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Ҷоселин Нарсиско таҳлилгари Бонки осиёии рушд, Ганҷина Фозилова ёвари хурди бахши идоракунии Лоиҳаҳо ва Маҳмудзода Исфандиёр, Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар рафти ташриф, Миссияи навбатӣ аз рафти татбиқи Лоиҳа дар ноҳияи Рашт ва аз рафти корҳои Муассисаҳои тандурустии ноҳия бархурдор шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои Муассисаҳои тандурустӣ, таҷҳизонидан бо таҷҳизотҳои тиббӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тиб ба роҳ монда шудааст.


