Home > ХАБАРҲО > Вохӯрии Миссияи Бонки осиёии рушд бо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Миссияи Бонки осиёии рушд бо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 21 июни соли 2022 вохурии Абдусаматзода З., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хайман Кяв Вин Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Ҷоселин Нарсиско таҳлилгари Бонки осиёии рушд ва Ганҷина Фозилова офитсери бахши идоракунии Лоиҳаҳо баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз қайд карда шуд, ки амалисозии Лоиҳаи мазкур як қатор ҳадафҳои мақсаднок дар назар дошта шудаанд, ки самтҳои афзалиятноки имрӯзаи соҳаи тандурустиро фаро гирифта, барои тақвияти сиёсати соҳа дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мусоидат менамоянд. Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ин сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин ва таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосир ва мебели тиббӣ мебошад, ки ба беҳтаркунии инфрасохтори тандурустии ноҳияҳои номбурда таҳким мебахшад.

Дар охир ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли чораҳои самаранок андешида шуда, кору фаъолиятҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *