Санаи 28 июли соли 2022 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Абдусаматзода Зулфия – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аъзоёни Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”: Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон- сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президентп Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хуршед Мирзо – муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҷидӣ Юсуф – муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Насриддинзода Рухшона- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Абдулзода Зиёдулло. – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ғаффорзода Нигора – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; ва Маҳмудзода Исфандиёр – менеҷери Лоиҳа иштирок намуданд
Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсад аз баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Маҳмудзода Исфандиёр оид ба амалисозии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз рӯи қисматҳои он ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.
Қайд карда шуд, ки ҳолати азхудкунии маблағҳо дар 6 моҳи соли 2022 – аз рӯи нақшаи молиявӣ ба 111% баробар буда, Лоиҳа якчанд чорабиниҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши кормандони тиб дар самтҳои асосии хизматрасонӣ барои модар ва кӯдак ва идоракунӣ анҷом дода, корҳои хурди сохтмонӣ ҷиҳати сӯзонидани партовҳои тиббӣ ва насби инсинераторҳо идома дошта, Шартномаҳо барои оғози корҳои сохтмонии асосӣ барои инфрасохтори беморхона ба анҷом расида шудаанд
Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода ба аъзои кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа миёни иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин оид ба фаъолияти лоиҳа фикру андешаи худро баён намуданд.
Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда шуд.