Home > Бе рубрика > Маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Рашт

Маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Рашт

Санаи 3 августи соли 2022 бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ сурат гирифт.

        Дар маросим Абдусаматзода З. муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муқимӣ Р.Н. раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Маҳмудзода И.С. менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, мутахассисони Беморхонаи марказӣ ва Шабакаи кумаки аввалияи тиббию-санитарии ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Шартномаи корҳои сохтмонӣ бо Ширкати ҶДММ “Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ)” баста шуда, дар доираи Шартнома, таъмиру азнавсозии бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ (9 шуъба, 128 кат), хобгоҳ барои занон пеш аз таваллуд (22 кат, аз ин 11 кат барои занони ҳомила ва 11 кат барои занони ҳамроҳикунанда) ва сохтмони бинои Маркази ташхису табобатӣ (8 шуъба, 60кат) ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа азнавсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ),сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ (кисларод), сохтмони иншооти тозакунии обҳои ифлос ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи Лоиҳа таҷҳизонидани иншооти мазкур бо мебел ва асбобу таҷҳизоти нави лабораторӣ дар назар аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *