Home > ХАБАРҲО > Менеҷери Лоиҳа бо масъулин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ бархурдор шуданд

Менеҷери Лоиҳа бо масъулин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ бархурдор шуданд

Кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмудзода Исфандиёр Менеҷери Лоиҳа аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур дидан намуданд. Ҳамзамон ҳангоми сафар мушовирон ва мутахассисони ширкати муштараки байналмилалии «Societa Italiana di Monitoraggio SpA (Италия)» ва «RPA S.r.l» ва ширкати маҳаллии «BARS Consulting Ltd» иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод пудратчиён кандани замини зери иншоотҳо ва мустаҳкам намудани замини зери биноҳоро ба анҷом расонида ба бофтани симтӯр ва рехтани бетони таҳкурсии биноҳо инчунин ба кандани дару тиреза ва бардоштани деворҳои байни беморхонавӣ машғул мебошанд. Аз ҷониби Менеҷери Лоиҳа ба пудратчиён супориш дода шуд, ки ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба техникаи бехатарӣ аҳамияти зарурӣ дода, ҳарчи зудтар рехтани бетони таҳкурсии биноро ба анҷом расонида, то саршавии хунукиҳо бардоштани деворҳои ошёнаи якуми биноро пурра ба анҷом расонад. Ба ширкати муштараки байналмилалии «Societa Italiana di Monitoraggio SpA (Италия)» ва «RPA S.r.l» ва ширкати маҳаллии «BARS Consulting Ltd» низ супориш дода шуд, ки ҳангоми ба миён омадани нофаҳмиҳо ва ошкор гардидани камбудиҳои ҷойдошта дар лоиҳаи сохтмонӣ, фармоишгарро огоҳ намуда, ҳарчи зудтар роҳи ҳалли онро ба пудратчиён пешниҳод намоянд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *