Home > ХАБАРҲО > Оғози Миссияи Бонки осиёии рушд

Оғози Миссияи Бонки осиёии рушд

5 декабри соли 2022 Миссияи Бонки осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Хайман Кяв Вин роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва иштироки Арин Дата сармутахассиси тандурурустии шуъбаи рушди устувор ва тағирёбии иқлими Бонки осиёии рушд, Ганҷина Фозилова Офитсери бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фируза Додомирзоева ёвари калони бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар аввал вохурии ҳайати Миссия ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ҷиҳати Рӯзнома, мақсад ва ҳадафҳои Миссияи Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон музокираҳо баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки дар рафти миссия, амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо бо масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Вазорату идораҳо, Шарикони рушд ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ва инчунин ва маблағгузории иловагӣ дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модарону кудаконмавриди баррасӣ хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *