Home > ХАБАРҲО > Сафари расмии Миссияи Бонки осиёии рушд ба ноҳияи Файзобод

Сафари расмии Миссияи Бонки осиёии рушд ба ноҳияи Файзобод

Миссияи Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии Хайман Кяв Вин Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Арин Дата сармутахассиси тандурурустии шуъбаи рушди устувор ва тағирёбии иқлими Бонки осиёии рушд Маҳмудзода Исфандиёр, Менеҷери Лоиҳа ва кормандони Лоиҳаи мазкур ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.

Дар рафти ташриф, Миссияи навбатӣ аз рафти татбиқи Лоиҳа дар ноҳияи Файзобод ва аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, сохмони инсинераторҳо ва механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат бархурдор шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои Беморхонаи марказии ноҳия, таҷҳизонидан бо таҷҳизотҳои тиббӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тиб ба роҳ монда шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *