Home > ХАБАРҲО > Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳа

Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳа

Санаи 27 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.

Дар ҷаласа Абдуллозода Ҷ.А. вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ/ муовини Раиси кумита; Хуршед М. муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Абдусаматзода З. муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Абдулзода З., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ғаффорзода Н., муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҳмудзода И. Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаро Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсад аз баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Маҳмудзода И.С, оид ба амалисозии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз рӯи қисматҳои он ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар давоми ҷаласа аз ҷониби Хуршед Мирзо муовини якуми Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки оид ба саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа хусусан дар азхудкунии маблағҳои Лоиҳа таваҷҷуҳи хоса дода, мӯҳлати иҷроиши он зери назорат гирифта шавад.       

Ҳамзамон иштирокчиён оид ба нақшаи кории Лоиҳа барои соли 2023 фикру андешаҳои худро баён намуда таъкид намуданд, ки ҷиҳати саривақт амалӣ намудани ҳадафҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда, Нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар соли 2023 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *