Home > ХАБАРҲО > Ба ноҳияҳои таҷрибавӣ маводҳои компютерӣ дастрас карда шудааст

Ба ноҳияҳои таҷрибавӣ маводҳои компютерӣ дастрас карда шудааст

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои таҷрибавии Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маводҳои компютерӣ аз ҷумла 119 номгу ноутбук, принтерҳо, роутерҳо ва дигар маводҳо  дастрас намуда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷҳизотҳо ҷиҳати ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат, татбиқи системаи равонасозии занҳои ҳомиладор аз шабакаҳои Кумаки аввалияи тиббию-санитарӣ ба таваллудхонаҳо ва бозпас барои назорати баъди таваллуд ва неонотологӣ, модели протоколи амалиёти механизми равонасозӣ, ворид намудани маълумот барои феҳристи электронӣ ва дигар амалиётҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷҳизотҳо аз ҷониби Комиссияи баҳодиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада қобили қабул шуморида шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *