Home > ХАБАРҲО > Ҳолати татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолати татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситон, ки таҳти сарпарастии  Бонки осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.

 Лоиҳа аз рӯи 4 қисмат дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад;

  1. Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои  зерҳадафи лоиҳа.

  2. Такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа.

  3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа.

 4. Идоракунии лоиҳа, мониторинг ва баҳодиҳӣ.

Боло бурдани сифати хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмил ва беҳтаркунии инфрасохтори муассисаи тиббӣ ва бо муосиртарин таҷҳизот таъмин намудани онҳо, ҳамзамон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб кардани мутахассисон, ки аз ҳадафҳои аслии татбиқ гардидани Лоиҳаи болозикр дониста мешавад, дар ин масир як зумра корҳои назаррас дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба сомон расидаанд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмониву азнавсозӣ дар ноҳияҳои пилотӣ ҷараён доранд.  Мувофиқи нақшаи кории  Лоиҳа дар ноҳияи Файзобод дар назар аст, ки Маркази  ташхису табобат, бинои беморхонаи Марказӣ, бинои шӯъбаи таваллуд мавриди азнавсозӣ ва таъмири куллӣ қарор дода шавад. Имрӯзҳо сохтмони Маркази  ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва  шӯъбаи таваллуд дар назди беморхонаи Марказӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Рашт бошад, сохтмон ва таъмиру тармими  4 бино; сохтмони Маркази  ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи Марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шуда, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим дар 4 маркази болозикр бо суръати баланд ҷараён доранд.

Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳа дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад, дар қатори дигар самтҳои муҳим, сохтмони  беморхонаи Марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст, ки корҳои азнавсозӣ дар ин марказҳо ҷараён доранд.

Боло бурдани сатҳи саводноки мутахассисон ва дар ин замина таъмини хизатрасонии босифатӣ тиббӣ ба аҳолӣ, ки аз ҳадафҳои дигари татбиқи Лоиҳаи мазкур дониста мешавад,  танҳо дар нимсолаи аввали соли 2023  дар ноҳияи Рашт курсҳои омӯзишӣ дар 8 давра   бо иштироки 113 нафар мутахассисон (45% занон) сурат гирифт.  Дар  ноҳияи Файзобод  бошад  курси омӯзишӣ дар 8 давра бо иштироки   121 нафар мутахассисон (110 нафар – 90% занон) гузаронида шудааст.

 Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, таҳти №465 оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ барномаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ карда шуда, айни ҳол барномаи мазкур амалӣ гардида истодааст.   

 Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2023 таҳти №251   аз  25 то 29 апрели соли 2023 дар ноҳияҳои таҷрибавии Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон даври омӯзишӣ оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат бо иштироки мушовири байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат Самвел Харазян тавассути барномаи даври омӯзишӣ ва рӯйхати иштироккунандагон дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур дар ноҳияи Рашт 130 нафар, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 52 нафар ва дар ноҳияи Файзобод 152 нафар иштирок намуданд.

 Ҳамин аст, ки гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситон ҷиҳати татбиқи   сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тандурустӣ   хусусан дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кудаконро сармақши худ қарор дода, оид ба амализозии Лоиҳа фаъолияти бомаромро пеша намудаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *