Санаи 18 июли соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Хуршед, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулзода Зиёдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуруллозода Ф, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Ҳамдулло, муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Маҷидзода Қумриниссо муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Ҷумъазода Шифо, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Энтанӣ А, роҳбари шӯъбаи тандурустӣ ва ғизои Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаи кориро Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Ҳамзамон таваҷҷӯҳи ҳозирин оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла; ноҳияҳои Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб карда шуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, вобаста ба амалисозии Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа” ва 3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ” маърӯзаи Шаҳло Шакарова намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), инчунин вобаста ба масъалаи дуввум “Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияҳои пилотии Лоиҳа” маърӯзаи Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохмончии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа шунида шуд.
Дар кори ҷаласа ҳолати татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хоссатан корҳои анҷомёфта дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардид.
Дар фарҷони кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.