Санаи 21 июли соли равон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ноҳияҳои Рашт ва Файзобод Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иншооти тиббӣ дар ноҳияҳои болозикр дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд амалӣ гардида истодааст, дидан намуд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ, роҳбарон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Файзобод, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода, ва дигар кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҳузур дошта, зимри шиносоӣ ба рафти корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо рафти корҳои сохтмонӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии Лоиҳа ҷараён дошта, дар назар аст, ки дар ноҳияи Файзобод маркази ташхису табобат, бинои беморхонаи Марказӣ, бинои шӯъбаи таваллуд мавриди азнавсозӣ ва таъмири куллӣ қарор дода шавад. Имрӯзҳо сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи Марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди беморхонаи Марказии ноҳияи Файзобод ҷараён дорад. Дар ноҳияи Рашт бошад, сохтмон ва таъмиру тармими 4 бино; сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи Марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шудааст. Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳа дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад, дар қатори дигар самтҳои муҳим, сохтмони беморхонаи Марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобати дар сатҳи баланд ва саривақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияиҳои Рашт ва Файзобод ба масъулон дастур ва супориҳои мушаххас дод.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таљрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.