Чанде қабл бо мақсади натиҷагирӣ аз вазъи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди навбатии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз ноҳияи Рашт сурат гирифт.
Аъзои гурӯҳро менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Исфандиёр Маҳсудзода роҳбарӣ намуда, нахуст аз вазъи корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Рашр боздид ба амал оварда шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ноҳияи Рашт сохтмон ва таъмиру тармими 4 бино; сохтмони Маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи Марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шуда, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим дар 4 маркази болозикр ҷараён доранд.
Зимни боздид вазъи корҳои сохтмонии иншооти болозикр мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таљрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.