Бо мақсади натиҷагирӣ аз вазъи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ сафари навбатии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба ноҳияҳои таҷрибавии Файзобод, Рашт ва Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.
Аъзои гурӯҳи кориро менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода роҳбарӣ намуда, аз вазъи корҳои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияҳои болозикр дидан ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон ҳайати гӯруҳро намояндагони ширкати лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизот Societa Italiana di Monitoraggio (SIM), мутахассисон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ҳамроҳи намуданд.
Зимни сафар, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа дар якҷоягӣ бо мутахассисон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ аз рафти корҳо шинос шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Инчунин зимни боздид бобати ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти вуҷуддошта гуфтушунид сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои босифати корҳои сохтмониву азнавсозии иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонӣ шартнома баста шудааст, ки дар ноҳияи Файзобод корҳои сохтмонӣ ба ӯҳдаи ҶДММ “Строй Сентр”, ноҳияи Рашт ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҶДММ” Иқлими Соф” ва ҶДММ “Самар СН” вогузор карда шудааст.
Боиси таъкид аст, ки мувофиқи нақшаи кории Лоиҳа дар ноҳияи Файзобод дар назар дошта шудааст, ки Маркази ташхису табобат, бинои беморхонаи Марказӣ, бинои шӯъбаи таваллуд мавриди азнавсозӣ ва таъмири куллӣ қарор дода шавад. Имрӯзҳо сохтмони Маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди беморхонаи Марказӣ бомаром ҷараён дорад.
Дар ноҳияи Рашт бошад, сохтмон ва таъмиру тармими 3 бино; сохтмони Маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи Марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шуда, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим дар иншооти мазкур бо суръати баланд ҷараён доранд.
Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳа дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад, дар қатори дигар самтҳои муҳим, сохтмони беморхонаи Марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст, ки корҳои азнавсозӣ дар ин марказҳо ҷараён доранд.
Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба рафти корҳо баҳои қаноатманд дода, бо мақсади ҷавобгӯй ба талаботи давр бароҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии иншоот ба масъулин супориҳшои мушаххас дода шуд.