Home > ХАБАРҲО > 16 — УМИ НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 — УМИ НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.

16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯро интихоб гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Сарвари давлат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз карда, кишвари моро чун як давлати пешрафта ва ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *