Фаъолияти миссияи навбатии Бонки осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи “Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ – Данғара, Дарвоз ва Айнӣ аз санаи 27 ноябр оғоз гардида, то ба 1 декабри соли равон идома ёфт. Миссияи навбатӣ таҳти роҳбарии Хайман Вин мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ ва Себел Вонг мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки осиёии рушд, сурат гирифта, дар кори он як зумра масоили мухталиф мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар ҳайати миссияи навбатӣ тими дастгирии техникии Бонки осиёии рушд низ ҷиҳати таҳияи Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ҳузур доштанд.
Дар доираи фаъолият миссия бо Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа вохӯрӣ анҷом дода, доир ба ҳолати кунунии татбиқ гардидани Лоиҳа гуфтушунид анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ дастовардҳои ҳосилшуда, мушкилоти ҷойдошта, роҳу василаи умдаи ҳосил шудани дастовардҳои бештар дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва муҳокимаи амиқ қарор дода шуд.
Зимни фаъолият миссия, ҳамзамон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар доираи амалисозии Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба њифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа (Ш. Шоҳин, Рашт ва Файзобод)” ва 3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соњаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоњдории саломатї нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ” вохӯри анҷом доданд. Ҳамзамон бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва иҷрои корҳо дар ин самт бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ вохӯрӣ сурат гирифт.
Миссияи навбатии Бонки осиёии рушд дар якҷоягӣ бо тими дастгирии техникии бонки мазкур ҷиҳати таҳияи Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавии Данғара, Дарвоз ва Айнӣ аз ноҳияҳои болозикр дидан ба амал доварданд.
Дар навбати аввал миссияи навбатӣ таҳти роҳбарии Хайман Вин мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ ва Себел Вонг мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки осиёии рушд дар якҷоягӣ бо тими дастгирии техникии бонк аз ноҳияи Данғара дидан ба амал оварданд. Зимни сафар аз ҳолати кунунии хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаи Марказӣ ва зарурати бунёди таваллудхона дар ноҳия шинос шуданд.
Тими дастгирии техникии Бонки осиёии рушд бо мақсади таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Дарвоз ва зарурати татбиқи Лоиҳа дар он, дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба ноҳияи Дарвоз сафари корӣ анҷом доданд.
Фаъолияти миссияи навбатии Бонки осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи “Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ – Данғара, Дарвоз ва Айнӣ санаи 1 декабри соли ҷорӣ ба анҷом расида, фаъолияти тими дастгирии техникии Бонки осиёии рушд айни замон идома дорад.