Home > ХАБАРҲО > ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи татбиқи  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ мустақиман тамошо намуданд. Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа доир ба соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва дигар дастоварҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ва соли   2023 маълумот гирифтанд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда назди ҳама сохторҳои давлатӣ барои таъмини шароити арзанда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2024 муайян намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури рӯимизии ҳар як сокини кишвар дониста мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *