Home > ХАБАРҲО > Бунёди муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Бунёди муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардидааст, бомаром идома дорад.

Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин     сохтмони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки оғози корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин моҳи октябри соли 2022 таҳти иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.

Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таљрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.

Айни замон корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳия бо сифати бананд ҷараён дошта,  78% иҷро шудаанд. Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд гашт ва барои зиёда аз 57 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ хоҳанд расонид.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз нуқтаҳои дурдасти мамлакат бемошад, ки ниёзмандии аҳолии он ба муассисаи нави тиббӣ ва таҷҳизоти замонавии соҳавӣ бештар буд. Ҳамин аст, ки дар доираи сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳия ба боло рафтани вазъи хизматрасонии тиббӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *