Home > ХАБАРҲО > Рафти корҳои сохтмонӣ ва татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи Файзобод

Рафти корҳои сохтмонӣ ва татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи Файзобод

Нигоҳ доштани сатҳи сиҳатии ҷомеа ва дар ин замина бунёди миллати солим  яке аз ҳадафҳои аслии сиёсати инсонсолоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Ҳамин аст, ки дар масири  рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар саросари кишвар, бунёду азнавсозии муассисаҳои табобатӣ, боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ иқдомоти амалии зиёде рӯи даст гирифта шудааст.

Густарин ёфтани доманаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии рушд хоссатан дар самти татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомоти амалии ҳукумати кишвар дар самти нигоҳдошти сиҳатии ҷомеа ва хоссатан занону кӯдакон дониста мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  аз рӯи якчанд  қисмат дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад, ки беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак,  баланд бардоштани  сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак  аз зумраи ҳадафҳои аслии Лоиҳаи мазкур дониста мешавад.

Агар танҳо ба корҳои сохтмонии дар доираи Лоиҳаи болозикр идомадошта назар афканем, айни замон дар 3 ноҳияҳои таҷрибавӣ; Файзобод, Шамсиддин Шоҳин ва Рашр корҳои сохтмониву таъмирӣ бо маром идома доранд.

Танҳо дар ноҳияи Файзобод сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳия ҷараён дорад.

Зимни боздид мушоҳида гардид, ки рафти корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба талаботи давр ва бо ҷалби мутахассисони варзида ҷараён дошта, аз рӯи нақша мебояд дар соли равон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, ки ҳадафи аслии он бунёди муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он, инчунин гузаронидани ислоҳот дар бахши тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва аз байн бурдани мушкилот дар низоми тандурустӣ аст, баҳри  таъмини сиҳатии ҷомеа муассир арзёбӣ мегардад.

Айни замон рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳия бо сифати бананд ҷараён дошта  75% иҷро шудаанд. Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд гашт ва барои зиёда аз 117 ҳазор  нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ хоҳанд расонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *