Home > Бе рубрика > Боздиди намояндагони Бонки Осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Боздиди намояндагони Бонки Осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Санаи 26 феврали соли равон  София Шакил, Директори минтақавии  Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ  ва иҷтимоии Бонки Осиёии рушд зимни ташрифи хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти татбиқи  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

 Дар ҳайати гурӯҳ ҳамзамон Себел Вонг мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии рушд ҳузур дошта, дар толори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа вохурӣ анҷом дода шуд.

Зимни вохурӣ Исфандиёр Маҳмудзода – менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз вазъи кунонии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва дастовардҳои ҳосилшуда муфассал маълумот дод, ки меҳмонон аз  нақши Лоиҳа дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббии ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.

Дар вохӯри зикр шуд, ки беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак  дар ноҳияҳои таҷрибавии Файзободу Рашт ва Шамсиддин Шоҳин, ки аз ҳадафҳои аслии Лоиҳа маънидод мегардад имрӯзҳо дар сатҳи хуб бароҳ монда шудаст.

Бояд гуфт, ки  дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.    

Ҳамзамон таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои аслии татбиқи Лоиҳа, ки дар заминаи сохтмону азнавсозии муассисаҳо беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ  аст, имрӯзҳо рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои болозикр ҷараён дошта, бо муосиртани таҷҳизоти тиббӣ таъмин хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки маҳз   дар сатҳи хуб татбиқ шудани Лоиҳаи болозикр мусоидат намуд, ки Бонки Осиёии рушд  дар соли cипаришуда дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳури Тоҷикистон   гранти кумаки техникӣ   барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд, ки  маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ татбиқ хоҳад шуд. Зимни вохурӣ аз ҳолати кунунии омодасозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ва ҳадафҳои титбиқи он мавриди муҳокима ва баррасии амиқ қарор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар соли сипаришуда  гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии рушд тасдиқ шуд, ки корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад. Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли равон оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Дар интиҳои вохӯрӣ умедворӣ зоҳир гардид, ки таҳти ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осёии рушд татбиқ гардидани чунин лоиҳаҳо   дар соҳаи тандурустӣ ба рушду намӯи тибби тоҷик заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *