Home > ХАБАРҲО > АНҶОМИ ФАЪОЛИЯТИ МИССИЯИ НАВБАТИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ҶИҲАТИ НАТИҶАГИРӢ АЗ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК”

АНҶОМИ ФАЪОЛИЯТИ МИССИЯИ НАВБАТИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ҶИҲАТИ НАТИҶАГИРӢ АЗ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК”

Дар доираи фаъолияти миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд як зумра корҳои амалӣ анҷом ёфт. Қобили зикр аст, ки фаъолияти миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз  татбиқи “Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 20 феврал оғоз гардида, то ба 28 февлари соли равон идома ёфт. Миссияи навбатӣ таҳти роҳбарии Себел Вонг мутахассиси соҳаи тандурустӣ  дар  Бонки Осиёии рушд сурат гирифта, дар гурӯҳи корӣ ҳамзамон, Маделин Дизон, таҳлилгари хурди Бонки Осиёии рушд ва дигар намояндагони он иштирок намуданд.

  Дар доираи фаъолият миссия бо Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа вохӯрӣ анҷом дода, доир ба ҳолати кунунии татбиқ гардидани Лоиҳа гуфтушунид анҷом ёфт. Зимни вохӯрӣ дастовардҳои ҳосилшуда, мушкилоти ҷойдошта, роҳу василаи умдаи ҳосил шудани дастовардҳои бештар дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва муҳокимаи амиқ қарор дода шуд.

Миссияи навбатӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз ҳолати феълии амалишавии он хоссатан дар самти корҳои сохтмонии анҷомёфта, хариди таҷҳизот ва масъалаҳои гендерӣ, ҳифзи муҳити зист ва  хароҷоти молиявӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими татбиқи Лоиҳаро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.  

Дар рафти вохурӣ муаян гардид, ки иҷроиши уҳдадориҳои гурӯҳи татбиқи Лоиҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар раванди татбиқи он мушклоти ҷиддие вуҷуд надорад.

Яке аз паҳлуҳои аслии амалигардонии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ азавсозӣ ва сохтмони иншооти тандурустӣ дониста мешавад, ки рафти корҳо дар ин масир бо маром идома дошта, таъмиру азнавсозии иншооти тандурустӣ  дар ноҳияи Рашт   70%,     дар ноҳияи Файзобод 80%,   дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 80% ба сомон расонида шудаанд.

Дар рафти фаъолият миссияи навбтӣ, ҳамзамон аз татбиқи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва низоми равонасозии перинаталӣ натиҷагирӣ намуданд.

  Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ идома дорад, ки  гуфта мешавад барномаи мазкур барои бақайдгирии беморон, имтиёзҳои тиббӣ ва иҷтимоии беморон, муроҷиат ба беморхона ва ҷараёни табобат истифода бурда мешавад. Барнома ҳамчунин ҳисоботи молиявӣ оид ба маблағгузории ҳолатҳои табобатшударо омода намуда, панели маълумот  оид ба нишондиҳандаҳои асосии беморхона барои давраи ҷорӣ ва интихобӣ нишон дода мешаванд.

Ҳамзамон ҷиҳати аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар доираи амалисозии Лоиҳа барномаи дигари соҳавӣ, “Низоми равонасозии перинаталӣ” дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Боиси зикр аст, ки барномаи мазкур бо мақсади саривақт ба қайд гирифтани занони ҳомила мусоидат намуда, тавони саривақт ирсоли маълумот ба дигар муассисаи тиббиро фароҳам меоварад.

Қайд кардан зарур аст, ки пилотикунонии барномаҳои мазкур  идома дошта,  бобати аз байн бурдани муаммоҳои дар соҳа вуҷуд дошта мусоидат хоҳанд кард.

 Зимни фаъолият миссия, ҳамзамон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар доираи амалисозии Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои  зерҳадафи лоиҳа (Ш. Шоҳин,  Рашт ва Файзобод)” ва  3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ”  вохӯри анҷом доданд.  

Дар доираи фаъолият миссияи навбатӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз  татбиқи “Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”(Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода шуд.  

Дар интиҳо миссияи набватии Бонки Осиёии рушд аз натиҷаҳои ҳосилшуда ва ҳолати феълии дастоварду камбудиҳои ҷойдошта бо Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа машварат гузаронида, ҷиҳати дар сатҳи баланд амали намудани он маслиҳатҳои муфид  ироа намуданд.

Фаъолияти миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз  татбиқи “Лоиҳаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   санаи 28 феврали соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Қобили зикр аст, ки миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд дар якҷоягӣ бо тими дастгирии техникии Бонки мазкур дар назар дошта шудааст, ки бо мақсади натиҷагирӣ аз Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ – Данғара, Дарвоз ва Айнӣ  аз санаи 13 то ба 20 марти соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биоваранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *