Санаи 18 марти соли равон дар доираи фаъолияти миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз дурнамои амалисозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Бонки Осиёии рушд бо роҳбарият ва доираи васеъи кормандони Вазорати тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифт.
Вохӯрии миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо роҳбарият ва сардорони Раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бинои ин ниҳод сурат гирифта, дар кори он Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хайман Вин мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии рушд, Себел Вонг мутахассиси соҳаи тандурустии Бонки мазкур, Маделин Дизон, таҳлилгари хурд ва Кристина Лим, мушовири калони Бонки Осиёии рушд, таҳлилгарон ва намояндагони тими дастгирии техникии Бонк ҷиҳати омодасозии Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ, Исфандиёр Маҳмудзода менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Саломиддин Юсуфӣ, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм, Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ, Зайнулло Шарифов, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зоҳир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, Холмирзо Давлатзода, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир, Илҳом Бандаев, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорат, Раъно Раҳимова, сардори шӯъбаи робитаҳоибайналмилалӣ ва дигар мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд ва дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад дар рушду намӯи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои болозикр заминаи муосид фароҳам меоварад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамзамон ҷиҳати маблағгузории иловагӣ бо фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Бонки Осиёии рушд дар соли сипаришуда гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли равон оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.
Дар вохӯрӣ миссияи Бонки Осиёии рушд натиҷаҳои ҳосилшударо зимни таҳияи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ муаррифӣ намуда, вобаста ба ҳадафҳои аслӣ ва дурномаи татбиқи он, инчунин нақши Лоиҳа дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ муаррифӣ намуданд. Дар навбати дигар роҳбарият ва намоянагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш ёфтани ҳамкориҳои судманди Бонки Осиёии рушдро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия гардидани Лоиҳа ва татбиқ шудани он фикру андешаҳои худро ироа намуданд.уш рушд
Қобили зикр аст, ки фаъолияти миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз таҳияи Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ – Данғара, Дарвоз ва Айнӣ санаи 11 марти соли равон оғоз ёфта, фаъолияти он то ба 20 марти соли ҷорӣ идома пайдо хоҳад намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд изҳори хушнуди зоҳир намуда, татбиқи чунин лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи тандурустӣ ва нақши он дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббиро калидӣ шумориданд.