Дар заминаи таъмини шароити хуби кориву табобатӣ дар муассисаҳои тиббӣ, ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб намудани кормандони соҳавӣ, боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста шавад, ворид намудани ислоҳот дар заминаи таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои махсуси соҳавӣ аз аҳдофи навбатии Лоиҳа маҳсуд меёбад.
Маврид ба тазакур аст, ки дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаи тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад. Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ идома дорад, ки гуфта мешавад барномаи мазкур барои бақайдгирии беморон, муроҷиат ба беморхона ва ҷараёни табобат истифода бурда мешавад. Барнома ҳамчунин ҳисоботи молиявӣ оид ба маблағгузории ҳолатҳои табобатшударо омода намуда, панели маълумот оид ба нишондиҳандаҳои асосии беморхона барои давраи ҷорӣ ва интихобӣ нишон дода мешаванд.
Барномаи мазкур, ҳамзамон ҷиҳати ҷорӣ намудани шафофият дар пардохти хизматрасонии тиббӣ шароит фароҳам меоварад ва ба ҳар як муроҷиаткунанда рақами ягон ва рамзи QR боз гардида раванди бақайдгирии саривақтӣ ва услуби табобатро нигоҳ медорад.
Ҳамзамон ҷиҳати аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар доираи амалисозии Лоиҳа барномаи дигари соҳавӣ, “Низоми равонасозии перинаталӣ” дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад.
Боиси зикр аст, ки барномаи мазкур бо мақсади саривақт ба қайд гирифтани занони ҳомила мусоидат намуда, тавони саривақт ирсоли маълумот ба дигар муассисаи тиббиро фароҳам меоварад.
Барномаи мазкур имкон фароҳам меоварад, то аз саҳти саломатии зани ҳомила маълумоти муфассал гирд оварда шавад ва бо истифода аз барномаи мазкур маълумоти бемор ва ё шахси муроҷиаткунанда ба муассисаҳои тиббии мухталиф дастдас бошад.
Қайд кардан зарур аст, ки пилотикунонии барномаҳои мазкур идома дошта, бобати аз байн бурдани муаммоҳои дар соҳа вуҷуд дошта мусоидат хоҳанд кард.
Бояд гуфт ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардида истодааст, ки дар баробари беҳтар гардонидани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ҳамзамон тариқи ҷорӣ намудани барномаҳои соҳавӣ аз қабили “Механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат” ва “Низоми равонасозии перинаталӣ” кушиш ба харҷ медиҳад, то дарёфти саривақтии беморон ва хоссатан саривақт ба қайд гирифтани занони ҳомила ва таъмини сиҳатии онҳо шароити муосид фароҳам оварда шавад. Итминон аст, ки дар доираи иқдомоти амалии дар ин масир пешгирифта Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба ҳадафҳои хеш ноил хоҳад шуд.