Таҷриба собит месозад, ки бо фароҳам овардани шароити хуби табобатӣ ва таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани маърифати тиббӣ ва ё сатҳи фаҳмиши тиббии аҳолӣ мубориза алайҳи бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва таъмини сиҳатии ҷомеа ғайри имкон аст.
Ҳамин аст, ки зимни татбиқ шудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳадафҳои калидӣ хоссатан таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ, ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб намудани мутахассисон ва дар заминаи он баланд бардоштани малакаи кории табибон ва корманди миёнаи тиб, ҳамзамон тариқи корҳои фаҳмондадиҳиву баргузории семинарҳои омӯзишиву машваратӣ боло бурдани саводнокӣ ва маърифати тиббии аҳолӣ аз иқдомоти навбатии Лоиҳа дониста мешавад.
Қобили зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин аз соли 2019 инҷониб таҳти маблағгузории Бонки Осиёии рушд дар доираи ҳамкориҳои судманди ин ниҳод бо Ҷумҳурии Тоҷикистон амали шуда истодааст.
Дар қатори дигар ҳадафҳои калидӣ, инчунин боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ ва дар заминаи он ворид намудани ислоҳот дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ таҳти амалишавии Лоиҳаи мазкур корҳои назаррасии зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Бобати баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ таи солҳои татбиқи Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ фаъолияти Иттиҳодияҳои ҷамъиятии “Ирода”, “Ҳаёт дар оила”, “Гендер ва тараққиёт” семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, чунин чорабиниҳо идома доранд.
Қобили зикр аст, ки то ба анҷон расидани татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз рӯи ҳадаф сатҳи саводнокӣ ва маърифати тиббии 60% аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин бояд баланд бардошта шаванд, ки дар ин масир корҳои амалии зиёде ба анҷом расида, ин раванд идома дорад. Бояд гуфт, ки дар бештари ҳолат ба сименирҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолони ҷомеа, занон ва мардони миёнсол ва занони ҳомиладору навхонадорон, инчунин ҷавонони ба камолрасида ҷалб карда мешаванд.
Дар солҳои аввали татбиқи Лоиҳаи мазкур зимни гузаронидани ҷорабиниҳои машваративу фаҳмондадиҳӣ дида мешуд, ки сатҳи маърифати тиббии баъзе аз нафарон ҷиҳати робитаи доимӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва хоссатан бақайдгирии саривақтии занони ҳомила ва ҳатто бееътиноӣ нисбат ба таваллуди занон дар муассисаҳои тандурустӣ паст буда, дар доираи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ паёмади нодида гирифтани чунин муносибат ва рафтор ба сиҳати инсон аз ҷониби аҳолӣ дарк карда шуд.
Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин корҳои машваративу фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ айни замон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа идома дошта инминон аст, ки бо рӯи даст гирифтани чунин иқдом Лоиҳаи мазкур ба ин ҳадаф, ки он ҳам боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ аст, ноил хоҳад шуд.