Home > ХАБАРҲО > Баррасии ҳолати кунунии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин

Баррасии ҳолати кунунии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин

Бо мақсади боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситон, дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сафари навбатии гурӯҳи татбиқи Лоиҳа зери роҳбарии Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.

Дар аснои сафар Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз рафти корхои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва дар кадом вазъ қарор доштани татбиқи Лоиҳа, мушкилот ва муаммоҳои дар соҳа вуҷуддошта, дастовард ва пешрафти корҳо дар раванди татбиқи Лоиҳа ҳосилшуда натиҷагирӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин як қатор иншооти тандурустӣ аз қабили Беморхонаҳои марказӣ, марказҳои саломати ноҳиявӣ, шӯъбаи таваллуд ва дигар иншооти соҳавӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда истодаанд. Зимни боздид Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои қаноатманд дода ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати мутобиқгардида мавриди истифода қарор додани иншоот ба ширкатҳои сохтмонӣ гуфтушунид гузарониданд.

Бояд гуфт, ки баъд аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи маблағгузории Лоиҳа бо тамоми дастгоҳ ва лавозимоти муосири тиббӣ таъмин хоҳанд шуд.

Зимни ташриф Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҳадафнок истифода намудани ҳадафҳои Лоиҳа бо масъулин ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин, сартабибон ва мутахассисони масъули соҳавӣ, намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ гуфтушунид гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо як зумра маъалаҳо хоссатан дастовардҳои ҳосилшуда дар татбиқи Лоиҳа, рафъи саривақтии монеаҳои бавуҷудомада дар татбиқи он, дар сатҳи баланд ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ ва ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар рафти корҳои сохтмонӣ, инчунин ҳолати кунунии рафти хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои соҳавӣ мавриди муҳокимаи амиқ қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар қатори сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ, ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба давраҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббӣ аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ аз ҳадафҳои дигари Лоиҳа маҳсуб меёбад, ки корҳои амалии зиёде дар ин масир ба сомон расонида шудаанд. Итминон аст, ки бо роҳандозии чунин тадбир ва иқдомоти рӯи даст гирифташуда, Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бобати ҷорӣ намудани ислоҳот дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ нақши калидӣ хоҳад гузошт.

Маврид ба ёдоварист, ки маҳз дар сатҳи хуб татбиқ шудани Лоиҳа мусоидат намуд, ки Бонки Осиёии рушд дар соли cипаришуда дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳури Тоҷикичтон гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд, ки маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ татбиқ хоҳад шуд. Лоиҳаи маблаӯгузории иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки дар миёнаиҳои соли равон мавриди татбиқ қарор дода шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *