Home > ХАБАРҲО > Вохӯрии миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Санаи 03 майи соли равон вохурии маҷозии Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки миссияи маҷозии Бонки Осиёии рушд бо мақсади омода намудани  Лоиҳаи ниҳоии маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  ва пешниҳод ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҷиҳати ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ оғоз ёфт.

Дар ҳайати миссия навбатӣ Себел Вонг, мутахассиси соҳаи тандурустӣ/роҳбари миссияи муштарак оид ба рушди инсон ва иҷтимоӣ, Ҳейман Вин, мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ/роҳбари миссияи  муштарак, Маделин Дизон, таҳлилгари хурд, Кристина Лим, мушовири калони Бонки Осиёии рушд, Фирӯза Додомирзоева, ёрдамчии калонӣ Лоиҳа, Нақибулло Хотак, таҳлилгари хурди Лоиҳа, Арон Секстон, мутахассиси муҳити зисти Бонки Осиёии рушд, Фирӯз Сафаров, мутахассиси хурди муҳити зист, Юкихиро Сибуя, мутахассиси калони рушди иҷтимоии  Бонки Осиёии рушд, Зебо Ҷалилова, мутахассиси кафолатҳои иҷтимоӣ, Меланио Алтоверос, мутахассис оид ба харид дар назди Бонки Осиёии     рушд, Нана Кванчиани, мутахассиси харид дар назди Бонки Осиёии рушд, Изатулло Ориахайл, корманди хурди молиявӣ, Гулнора Холова, мутахассис оид ба масъалаҳои гендерии Бонки Осиёии рушд  иштирок доштанд. Дар кори чорабинӣ ҳамзамон Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ва дигар аъзоёни он иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд Ғафур Муҳминзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд хоссатан дар соҳаи тандурустӣ изҳорӣ хушнудӣ зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки; “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, таи  солҳои Соҳибистиқлолӣ  ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд густариш пайдо намуда, дар ин замина як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф татбиқ карда шудаанд, ки нақши онҳо дар рушду намӯӣ соҳаҳои хоҷагии халқ муассир арзёбӣ мегардад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ низ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд, ки татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз зумраи онҳо дониста мешавад”.

Дар навбати хеш ҳайати миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд аз густариши ҳамкориҳои судманди Бонки Осиёии рушд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, роҳандозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  ва татбиқи  маблағгузории иловагиро дар ин самт аз ҳамкориҳои судманд дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ сохтанд.

Бояд гуфт, ки зимни фаъолият миссияи навбатӣ  аз  ҳолати омодагии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ,  услубҳои татбиқи он, нақшаи маблағгузорӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ, хариди таҷҳизот, муаян намудани шарикон ва ширкатҳои фаъолиятбаранда дар татбиқи Лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Миссия инчунин рафти иҷрои шартҳои омодагии лоиҳаро баррасӣ намуда, дурнамои корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашии муфассал ва омодасозии ҳуҷҷатҳои тендериро баррасӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳолати омодагии Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ва натиҷаҳои ҳосилшуда зимни баррасии он гуфтушунид гузаронида, нақши татбиқи Лоиҳаро дар рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷриавӣ муассир арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак дар ноҳияҳои таврибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин нигаронида шудааст.  Маҳз дар сатҳи хуб татбиқи гардидани Лоиҳаи мазкур замина гузошт, ки соли 2023 гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии рушд тасдиқ шуд. Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли равон оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи сатҳи баланди Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалӣ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” итминон зоҳир намуда, нақши муҳим доштани чунин Лоиҳаҳои сармоягузориро дар рушди соҳаи тандурустии Ҷумҳури Тоҷикистон калидӣ шумориданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *