Home > ХАБАРҲО > РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ РАШТ, ФАЙЗОБОД ВА ШАМСИДДИН ШОҲИН ҶАРАЁН ДОРАНД

РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ РАШТ, ФАЙЗОБОД ВА ШАМСИДДИН ШОҲИН ҶАРАЁН ДОРАНД

Рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ ё худ сухтмони Маркази  ташхису табобат, бинои Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва таъмиру тармими бинои шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, сохтмон ва таъмиру тармими  Маркази  ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар ноҳияи Рашт ва рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мувофиқ ба талаботи давр ҷараён доранд.

Ин ҳолат зимни боздиди навбатии мутахассисони масъули Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардид.

Қобили зикр аст, ки таи рӯзҳои 17-22 майи соли равон  бо мақсади боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сафари навбатии гурӯҳи татбиқи Лоиҳа зери роҳбарии Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа  ба ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.

Дар аснои сафар Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва дар кадом вазъ қарор доштани татбиқи Лоиҳа, мушкилот ва муаммоҳои дар соҳа вуҷуддошта, дастовард ва пешрафти корҳо дар раванди татбиқи Лоиҳа ҳосилшуда натиҷагирӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин як қатор иншооти тандурустӣ аз қабили Беморхонаҳои марказӣ, марказҳои саломати ноҳиявӣ, шӯъбаи таваллуд ва дигар иншооти соҳавӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда истодаанд. Зимни боздид Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои қаноатманд дода ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати мутобиқгардида мавриди истифода қарор додани иншоот  ба ширкатҳои сохтмонӣ гуфтушунид гузарониданд.

Зимни ташриф Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа  ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҳадафнок  истифода намудани ҳадафҳои Лоиҳа бо масъулин ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.  Зимни вохӯриҳо як зумра маъалаҳо хоссатан  дасторвадҳои ҳосилшуда дар татбиқи Лоиҳа,  рафъи саривақтии   монеаҳои бавуҷудомада дар татбиқи он, дар сатҳи баланд ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ ва ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар рафти корҳои сохтмонӣ,   инчунин  ҳолати кунунии рафти хизматрасонӣ дар муассисаи тандурустӣ ва мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои соҳавӣ мавриди муҳокимаи амиқ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки баъд аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи маблағгузории Лоиҳа бо тамоми дастгоҳ ва лавозимоти муосири тиббӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар назар дошта шудааст, ки то ба миёнаҳои соли 2024 иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *