Home > ХАБАРҲО > Баррасии як зумра масоили муҳим дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Баррасии як зумра масоили муҳим дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Бо мақсади натиҷагирӣ аз вазъи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар минсолаи аввали соли 2024 ва вазифагузориҳои минбаъда бобати дар сатҳи баланд амалӣ шудани он санаи 01 августи соли равон  дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Фаррух Юсуфзода,  муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳтоббӣ Одиназода, муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, М Давлатзода, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи қӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдулло Шарифзода, муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Махфират Рашидзода, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Насимҷон Ғоибзода, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Нарзулло Мирзоалӣ, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Энтанӣ А,  роҳбари шӯъбаи тандурустӣ ва ғизои  намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳло Шакарова, мутахассиси ЮНИСЕФ ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаи кориро  Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Дар рафти суханронӣ, ҳамзамон  таваҷҷӯҳи ҳозирин оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла; ноҳияҳои Файзобод,  Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб карда шуд. Қайд карда шуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд” ба роҳ монда шудаанд.

Дар кори ҷаласа нахуст вобаста ба амалисозии Лоиҳа аз рӯи қисматҳои он дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа муфассал баромад намуд. Зимни маърӯза зикр шуд, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва хоссатан бобати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модарон ва кудакон татбиқ шуда истодааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон идома доранд.

Корҳои сохтмонии иншоот дар ноҳияи Файзобод дар умум 92%  ба анҷом расонида шудааст. Бояд гуфт, ки иҷрои корҳои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияи Файзободро пудратчӣ ҶДММ “Строй Сентр” иҷро менамояд, ки бобати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқараргардида ба истифода додани он, мунтазам назорат гузаронида мешавад.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурусии ноҳияи Рашт, ки   сохтмон ва таъмиру азнавсозии Маркази  ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шудааст 87% иҷро гардида, рафти корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Иҷрои корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи мазкӯр бар зиммаи пудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” вогузор буда, иҷроиши корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад 88%  корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ, ки он ҳам сохтмони  Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст иҷро шудааст. Иҷроиши корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи болозикро ширкати муштараки “Иқлими Соф” ва “Самар СН”  амалӣ намуда истодаанд, ки корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд ва бобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд мунтазам корҳои назоратӣ гузаронида мешавад.

 Дар кори ҷаласа, вобаста ба татбиқи Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои  зерҳадафи Лоиҳа  ва  3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соњаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ”  Шаҳло Шакарова, мутахассиси тандурустии  Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияҳои пилотии Лоиҳа  Абдураҳим Шоев   муҳандис-сохмончии  Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа муфассал маърӯза пешниҳод намуданд.

Дар идома кори ҷаласа, бо мақсади воқиф гардидан аз рафти татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои   маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи он дар ноҳияҳои таҷрибавӣ  маърӯзаи Насимҷон Ғоибзода – муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҳамдулло Шарифзода – муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ва Махфират Рашидзода – муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод шунида шуд.

Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасии  амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардида, инчунин ҳолати татбиқи   Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хоссатан корҳои анҷомёфта дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

 Дар фарҷоми кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Қобили зикр аст, ки  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ шуда истодааст. Маҳз дар сатҳи хуб татбиқ шудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” замина гузошт, ки Бонки Осиёии рушд дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи татбиқи Лоиҳаи мазкур лоиҳаи маблағгузории иловагиро таҳия намоянд.

Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *