Санаи 20 августи соли равон бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи “Барномаи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат” дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсат, сартабибони муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади такмил додани механизми маблағгузории сохтори беморхонавӣ бо назардошти ҳаммаи модаҳои хароҷотӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ” тасбиқ шудааст.
Қобили зикр аст, ки “Барномаи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ” дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ шудаа истодааст, ки гуфта мешавад барномаи мазкур барои бақайдгирии беморон, муроҷиат ба беморхона ва ҷараёни табобат истифода бурда мешавад. Барнома ҳамчунин ҳисоботи молиявӣ оид ба маблағгузории ҳолатҳои табобатшударо омода намуда, панели маълумот оид ба нишондиҳандаҳои асосии беморхона барои давраи ҷорӣ ва интихобӣ нишон дода мешаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа Ғафур Муҳсинзода дар амал татбиқ шудани барномаи мазкурро ба вориднамоии ислоҳот дар низоми хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муассир арзёбӣ намуда, бобати ҳалли саривақтии мушкилоти дар он ҷойдошта ба масъулин дастур ва супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба тазакур аст, ки дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаи тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад. Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавии ноҳияҳои таҷрибавӣ идома дорад, ки гуфта мешавад барномаи мазкур барои бақайдгирии беморон, муроҷиат ба беморхона ва ҷараёни табобат истифода бурда мешавад. Барнома ҳамчунин ҳисоботи молиявӣ оид ба маблағгузории ҳолатҳои табобатшударо омода намуда, панели маълумот оид ба нишондиҳандаҳои асосии беморхона барои давраи ҷорӣ ва интихобӣ нишон дода мешаванд. Барномаи мазкур, ҳамзамон ҷиҳати ҷорӣ намудани шафофият дар пардохти хизматрасонии тиббӣ шароит фароҳам меоварад ва ба ҳар як муроҷиаткунанда рақами ягон ва рамзи QR боз гардида раванди бақайдгирии саривақтӣ ва услуби табобатро нигоҳ медорад.