Санаи 23 августи соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд (БОР) ду лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 47,5 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Гуфта мешавад лоиҳаҳои сармоягузории мазкӯр бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ дар самти модар ва кӯдак ва боло бурдани малакаи кишоварзии занон ва баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Гранти лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Қобили зикр аст, ки яке аз лоиҳаҳои сармоягузории ба имзо расида, лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо иқтидори 40 кат, сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Данғара бо 80 кат ва сохтмони Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз бо 100 кати бистарӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи Лоиҳа, инчунин идоракунӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ бароҳ монда шуда, воситаҳо ва равандҳои хизматрасонии перинаталӣ такмил дода мешавад. Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд таи солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ амали гардида, дар замина ба рушду нумӯи соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард.
Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи тандурустӣ татбиқ шуда истодааст Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” арзёбӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, дар боло рафтани вазъи хизматрасонии тиббии ноҳияҳои болозикр заминаи мусоид фароҳам овард.