Home > ХАБАРҲО > Фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” анҷом ёфт

Фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” анҷом ёфт

Бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва раванди омодагӣ ба фаъолияти лоиҳаи нави маблағгузорӣ дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз санаи 28 октябри соли равон фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд оғоз ёфт.

Бояд гуфт, ки миссияи навбатии Бонки Осиёии рушдро Себел Вонг, мутахассиси соҳаи тандурустии Бонки мазкур роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он Маделин Дизон, таҳлилгари хурди Бонки Осиёии рушд, Зебо Ҷалилова мутахассис оид ба риояи иҷтимоӣ, Нана Кванчиани, мутахассис оид ба харид, Эззат Ориахайл, мутахассис оид ба идоракунии молиявӣ, Фирӯз Сафаров, мутахассис оид ба муҳити зист, Гулнора Холова, мутахассиси гендер ва Фирӯза Додомирзоева ассистенти калони лоиҳа иштирок намуданд.

Зимни фаъолият, миссияи мазкур нахуст аз раванди амалишавии Лоиҳа бо гурӯҳи татбиқи он вохӯрӣ анҷом доданд. Дар раванди баргузории вохӯрӣ Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз ҳолати амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин маълумоти муфассал ироа намуда зикр дошт, ки раванди татбиқи Лоиҳа дар ноҳияҳои пилотии болозикр дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки маблағи умумии Лоиҳа 35,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он гранти Бонки Осиёии рушд дар ҳаҷми 32,0 миллион доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,2 миллион доллари ИМА муайян гардидааст. Лоиҳа аз соли 2019 инҷониб бо мақсади ворид намудани ислоҳот дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои мазкур фаъолият намуда, то ба соли 2025 идома хоҳад ёфт. Зимни фаъолият миссияи навбатӣ бобати омодагӣ ба раванди оғози фаъолияти лоиҳаи нави маблағгузорӣ ва анҷоми мувафақонаи Лоиҳаи кунунӣ бо Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.

Ғафур Муҳсунзида зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд хоссатан дар соҳаи тандурустӣ изҳори хушнудӣ зоҳир намуда, татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- ро дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳир муассир арзёбӣ намуд.

Себел Вонг, мутахассиси соҳаи тандурустии Бонки Осиёии рушд дар навбати хеш изҳор дошт, ки маҳз дар самтҳи хуб амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур замина гузошт, ки Бонки Осиёии рушд дар ҳамкории бевосита бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави маблағгузориро дар раванди амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дастгирӣ намояд. Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” айни замон дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин бо ҳадафи боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар заминаи сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд таи солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ амали гардида, дар замина ба рушду нумӯи соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи тандурустӣ татбиқ шуда истодааст, Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” арзёбӣ мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *