Home > ХАБАРҲО > НОМАИ ТАБРИКОТӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ НАВБАТИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИСТОН

НОМАИ ТАБРИКОТӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ НАВБАТИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИСТОН

Бо самимият ва ифтихору саодатмандӣ Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-дар назди Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мардуми саодатманди кишвар ва дар умум миллати тоҷикро ба ифтихори солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳимтарин омили таъмини Истиқлолияти давлатӣ, тағирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медиҳад самимона таҳният менамоянд.

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Қабули Конститутсия ин воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем.

Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Бори дигар солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубораку фархунда мехонем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *