Home > ХАБАРҲО > Боздиди гурӯҳи корӣ аз иншооти тандурустии навбунёд дар ноҳияи Файзобод

Боздиди гурӯҳи корӣ аз иншооти тандурустии навбунёд дар ноҳияи Файзобод

Имрӯз, 05 декабри соли равон боздиди гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон     аз корҳои сохтмонии   иншооти тандурустии навбунёд  дар ноҳияи Файзобод анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар доираи маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Файзобод сохтмони маркази ташхису табобатӣ, Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сурат гирифт.

Гурӯҳи кориро Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳа, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, роҳбарон ва масъулони ширкати сохтмонӣ ва дигар мутахассисони гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Зимни сафар, гурӯҳи корӣ ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёди маркази ташхису табобатӣ иборат аз 3 ошёна ва таъмиру навсозии Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд иборат аз 2 ошёна баҳои баланд доданд. Ҳамзамон вобаста ба ислоҳи нуқсон ва камбудиҳои ҷойдошта дар иншоот ва пурра омода намудани муассисаҳои тандурустӣ ба сохтмончиён дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз ташкил шудани гурӯҳи корӣ, шиносоӣ аз корҳои сохтмонии иншооти навбунёд ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта арзёбӣ шуда, инчунин омода намудани муассисаҳои болозикр ба қабули комиссияи расмӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалишавии Лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки  дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин карда шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *