Бо мақсади боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба раванди электронӣ дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба муассисаи тандурустӣ аз ҷумла Беморхонаҳои марказӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин таҷҳизоти компютерии ноутбук ва дастгоҳи чопӣ (принтер) дастрас карда шуд.

Дар доираи ин иқдом ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Файзобод 42 адад дастгоҳи компютерии ноутбук ва 3 адад дастгоҳи чопӣ (принтер), ноҳияи Рашт 46 адад дастгоҳи компютерии ноутбук ва 3 адад дастгоҳи чопӣ (принтер), ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 44 адад дастгоҳи компютерии ноутбук ва 3 адад дастгоҳи чопӣ (принтер) тақдим гардид. Рашт
Қобили зикр аст, дақдими дастгоҳи компютерӣ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи амалисозии Лоиҳа бори дуввум аст, ки сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои болозикр дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаи тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин маҳсуб меёбад. Амалисозии Лоиҳа дар ноҳияҳои болозикр соли равон ба поён расида, ҳаммаи ҳадафҳо татбиқ карда шудааст.
Дар сатҳи хуб амалӣ шудани Лоиҳа замина гузошт, ки дар раванди татбиқи он Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ таҳия гардад. Лоиҳаи маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо иқтидори 40 кат, сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Данғара бо 80 кат ва сохтмони Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз бо 100 кати бистарӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи Лоиҳа, инчунин идоракунӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ бароҳ монда шуда, воситаҳо ва равандҳои хизматрасонии перинаталӣ такмил дода мешавад.