03 апрели соли равон боздиди мутахассисони дафтари кории Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.
Ҳайати гурӯҳи кориро мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ҳамроҳӣ намуда, зимни шиносоӣ аз раванди корҳои сохтмонӣ, ҳамзамон намояндагони ширкатҳои назоратӣ аз раванди иҷроиши корҳои сохтмонӣ низ ҳузур доштанд.

Ҳайати гурӯҳ зимни боздид аз ҳолати кунунии раванди корҳои сохтмонӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба сифати иҷроиши корҳо баҳои баланд доданд. Инчунин ҷиҳати ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор додани иншооти тандурустӣ дастур ва супоришҳои мушахаас доданд.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардидааст, бомаром идома дорад.
Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки оғози корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин моҳи октябри соли 2022 таҳти иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таљрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маънидод мегардад.

Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд гашт ва барои зиёда аз 57 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ хоҳанд расонид.