ВОХУРИИ ВАЗИР ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ БО РОҲБАРИЯТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
Дар доираи иштирок дар 7-умин Саммити глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон, ки имрӯз, 3 апрел дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти Бонки осиёии рушд Аяко Инагаки ва Эдуардо Банзон вохурӣ намуд.
Дар раванди вохурӣ, ҳамзамон Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Вазорат иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд изҳори миннатдорӣ баён карда, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар соҳаи тандурустии мамлакат 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд амалӣ шуда истодаанд, ки яке аз он Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд
Аз ҷумла, ҳадафи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии он мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ шуда истодааст. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаи тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад.
Маҳз дар сатхи хуб амалӣ гардидани Лоиҳа замина гузошт, ки дар соли 2024 дар раванди ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловаӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллати ИМА ба имзо расид. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо иқтидори 40 кат, сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Данғара бо 80 кат ва сохтмони Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз бо 100 кати бистарӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи Лоиҳа, инчунин идоракунӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ бароҳ монда шуда, воситаҳо ва равандҳои хизматрасонии перинаталӣ такмил дода мешавад.
Айни замон раванди татбиқи лоиҳаи маблағгузорӣ дар доираи амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” оғоз гардида, татбиқи он идома дорад.
Дар идомаи вохурӣ ҳамзамон ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои рақамикунонии соҳа, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт иброз доштанд.