Имрӯз, 24 апрели соли равон вохӯрии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” таҳти роҳбарии Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳа бо миссияи Бонки Осиёии рушд оид ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сугар гирифт.
Миссияи мазкурро Юкихиро Шибуя, сармутахассис оид ба кафолатҳои иҷтимоии Бонки Осиёии рушд роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он Зебо Ҷалилова, мутахассис оид ба масъалаҳои иҷтимоии намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фирӯз Сафаров, мутахассиси хурд оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Исфандиёр Маҳмудзода, аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, хоссатан аз дастгирӣ ва татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” изҳори сипос баён дошт. Дар навбатӣ хеш Юкихиро Шибуя нақши Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-ро дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муассир арзёбӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳӣ бештар ба раванди риояи масъалаҳои экологӣ зимни корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва ҳифзи уҳдадориҳои иҷтимоии аҳолӣ дода шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур таъкид гардид, ки ҳадафи аслии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сохмону азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ боло бурдани вазъи хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини сиҳатии ҷомеа буда, инчунин дар боло бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ барномаи алоҳидаеро роҳандозӣ намудааст. Лоиҳа ба тамоми талабот ва уҳдадориҳои гузошташуда диққати аввалиндараҷа медиҳад ва зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ бобати ҳифзи муҳити зист, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ мунтазам назорат бурда мешавад.
Дар зимн намояндагони Бонки Осиёии рушд, аз раванди татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки услуби амалигардонии Лоиҳаи мазкур бо дасторвадҳои ҳосилшуда яке аз беҳтарин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назди Бонки Осиёии рушд шинохта шудааст.
Қобили зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва хоссатан бобати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модарон ва кудакон амалӣ шуда истодааст.

Лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ мегардад. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад. Маҳз дар сатхи хуб амалӣ гардидани он замина гузошт, ки дар соли 2024 дар раванди ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловаӣ ба имзо расид. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.