Имрӯз, 02 майи соли равон дар дафтари кории Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа бо намоядагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим доир гардид.

Дар раванди вохӯри Исфандиёр Маҳмудзода менеҷери Лоиҳа, Муҳаммад Заҳур, мутахассис оид ба тағйироти рафтори иҷтимоии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Маҳбуба Мамадатохонова мутахассис оид ба тағйири иҷтимоӣ ва рафтори ЮНИСЕФ, инчунин дигар мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ҷиҳати иҷроиши банди 3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани дониш дар бораи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба саломатӣ нигаронидашуда ҳангоми ташриф доир ба хизматрасониҳои тиббӣ” бо ЮНИСЕФ Созишнома ба имзо расонида шудааст.

Дар раванди вохӯрӣ иҷрои корҳо дар асоси Созишнома ва дурнамои он мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳар як шохаи ҳадафҳои Лоиҳа маҳз бо мақсади баланд бардоштани раванди хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ нигаронида шуда, ҳадафи севвуми он бо мақсади баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони соҳавӣ ва мустаҳкам намудани равобити аҳолӣ бо муассисаҳои тиббӣ мебошад.
Дар ин замина зимни вохӯрӣ нақшаи корӣ ва ҳадафҳои гузошташуда мавриди амӯзиши амиқ қарор дода шуд.