Санаи 13 июни соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї, Фарҳод Восидиён, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм, Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Мадина Набизода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Ҳамдулло Шарифзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, Махфират Рашидзода, муовини раиси ноҳияи Файзобод, Диловар Қосимӣ, муовини раиси ноҳияи Дарвоз, Зебо Саидзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Энтанӣ А, роҳбари шӯъбаи тандурустӣ ва ғизои намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидалӣ Қодиров, мутахассиси тандурустии намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохтмончии гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳа натиҷагирӣ аз вазъи татбиқи он дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифагузориҳои минбаъда бобати дар сатҳи баланд амалӣ гардидани Лоиҳа дониста мешавад.
Ҷаласаи кориро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Дилрабо Мансурӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни суханронӣ зикр шуд, ки ҳадафи вазифаҳои лоиҳа ин беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буда, дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар ноҳияҳои таҷрибавии болозикр амалӣ шуда истодааст ва амалишавии он дар ноҳияҳои мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, Лоиҳа фаъолияти худро дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ идома медиҳад.

Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа баромади Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” оид ба амалисозии лоиҳа аз рӯйи қисматҳои он шунида шуд. Дар маърӯза вобаста ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ маълумоти мухтасар пешниҳод гардида, зикр шуд, ки аз соли 2019 инҷониб Лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад. Ҳамакнун амалисозии Лоиҳа бо ҳадафҳои мазкур дар 3 ноҳияҳои нави дигар; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ ба кори худ оғоз намудааст.

Дар идома гуфта шуд, ки маҳз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар заминаи дасгириҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар умум аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда, гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба қадри имкон тавонистанд, ки дар сатҳи хуб амалӣ гардидани Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муваффақ гарданд. То ҷое ба ҳамагон маълум аст, дар соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманд созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расида, раванди амалисозии он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ оғоз шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳа тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст. Корҳои сохтмонии иншоот дар ноҳияи Файзобод дар умум 100% ба анҷом расонида шудааст. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Файзобод 3 иншоот; Маркази ташхису табобатӣ иборат аз 3 ошёна, таъмиру навсозии Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд иборат аз 2 ошёна пурра ба итмом расида, раванди муҷаҳҳазсозии иншооти тандурустӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ идома дорад. Соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, Беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда дар доираи татбиқи Лоиҳа мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки ба ҳолати кунунӣ корҳои иловагии сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи Рашт пурра ба итмом расида, раванди корҳо 100% анҷом ёфтааст. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ, ки он ҳам; сохтмони Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ аст 98% иҷро гардида, раванди иҷроиши он идома дорад ва корҳои сохтмонӣ дар арафаи инҷомёбӣ қарор доранд.

Зимни маърӯза вобаста ба ҳолати амалисозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” зикр шуд, ки маблағи умумии Лоиҳа 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа 4 октябри соли 2024 ба фаъолият оғоз намуда, анҷоми он 30 марти соли 2029 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур ба монанди Лоиҳаи ҷорӣ дар чор самти асосӣ фаъолият менамояд. Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи мазкӯр дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 80 кати бистарӣ, дар ноҳияи Дарвоз Беморхонаи марказӣ бо иқтидори 100 кати бистарӣ ва дар ноҳияи Айнӣ шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи кори ҷаласа вобаста ба мавзӯи “Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияҳои нави таҷрибавӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ” гузориши Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохмончии гурӯҳи татбиқи лоиҳа идора гардид.
Дар идома вобаста ба амалисозии лоиҳа аз рӯйи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1 ва 3-и лоиҳа, инчунин қорҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ гузориши мутахассис оид ба масъалањои тандурустии намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Қодиров пешниҳод гардид.

Зимн пешниҳоди маъзӯза зикр гардид, ки дар раванди татбиқи Лоиҳа бо мақсади боло бурдани савияи дониш ва маҳорати кории мутахассисон курсҳои омӯзишии зиёде ба роҳ монда шуд. Дар заминаи беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак протоколҳои равонасозӣ ва равонсозии бозпас бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ роҳандозӣ гардида, кормандони ҳифзи саломатии модар ва кӯдак оид ба протоколҳои равонасозӣ бо назардошти ҳассосияти гендерӣ омузонида шуданд. Дар ин самт 356 нафар кормандони соҳаи тиб омӯзонида шудаанд, ки аз онҳо занон 63%-ро ташкил карданд. Ҳамзамон бобати боло бурдани савияи дониши кормандони тиб тренингҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба хизматрасониҳои маҷмӯии саломатии модар ва кӯдак роҳандозӣ гардид, ки иштироки занон 68%-ро ташкил намуд. Дар умум корҳои иҷрошуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ замина гузошт, ки фавти модар ва кӯдак ба қайд гирифта нашуда, зоишҳои хонагӣ ба сатҳи ниҳоят паст расонида шуд. Аз рӯи татқиқоти анҷомёфта зиёда аз 94% занон дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бақайдгирии барвақти ҳомиладорӣ то 12 ҳафтаина ба таври назаррас беҳтар шуда, аз 77% то 84% афзоиш ёфтааст. Огоҳии занон аз хунравӣ ҳамчун аломати хатарнок аз 13% то 49,9% афзоиш ёфтааст. Аксарияти занон (91%) дар муассисахои тиббии давлатӣ таваллуд кардаанд. Муроҷиат ба нигоҳубини баъди таваллуд аз 49% то 64,7% зиёд шудааст.

Вобаста ба гузориши мазкур Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои ҳосилшуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ изҳори қаноатманӣ зоҳир намуда, бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои аз ин ҳам бештар дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ супориш дод.
Дар раванди баргузории ҷаласа бо мақсади воқиф гардидан аз рафти татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи он дар ноҳияҳои таҷрибавӣ гузориши муовинони раисони ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардида, инчунин ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хоссатан корҳои анҷомёфта дар соли 2024 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа ҳамзамон аз оғози корҳо дар самти амалисозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ гуфтушунид сурат гирифт. Зимни баргузории ҷаласаи мазкур аз идомаи маблағгузорӣ дар доираи амалисозии Лоиҳа изҳори хушнудӣ зоҳир гардада, ба раванди амалисозии он ва татбиқи босифати он дастур ва супоришҳои мушаххас ироа гардид.
Дар фарҷоми кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.