Имрӯз, 05 августи соли ҷорӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди иҷроиши корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод дидан намуд.
Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия, намояндагони ширкати сохтмонӣ, муовинони раиси ноҳия ва мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҳамроҳӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони иншооти тандурустӣ, иборат аз маркази ташхису табобатии 3 ошёна, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ дар доираи амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд сурат гирифта, муҷаҳҳазсозии иншооти болозикр бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҷараён дорад.

Зимни боздид ба раванди корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати омодагӣ ба истифодаи расмии иншоот дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо ҳадафи бунёди муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он ва дар замина баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Айнӣ ва Дарвоз дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Айни замон рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳияи Файзобод бо сифати баланд ба итмом расида, раванди муҷаҳҳазгардонии онҳо бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҷараён доранд ва таи рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.