Home > ХАБАРҲО > БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ДАРВОЗ, ДАНҒАРА ВА АЙНӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ДАРВОЗ, ДАНҒАРА ВА АЙНӢ

Аз санаи 23 то 26 сентябри соли равон бо мақсади оғози корҳо дар заминаи ҳадафи 3-юми Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ Данғара, Дарвоз ва Айнӣ мизи мудаввар доир гардид.

Бояд гуфт, ки ҳадафи 3-юми Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-маблағгузории иловагӣ, ин “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа” дониста мешавад.

Дар раванди баргузории мизи мудаввар намояндагони Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара, Дарвоз ва Айнӣ, кормандони намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” кормандон ва мутахассисони раёсатҳои Вазорату идораҳои гуногун дар ноҳияҳои болозикр, сартабибон ва менеҷерони Беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳо дар алоҳидагӣ нахуст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара, Дарвоз ва Айнӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои мазкур изҳори хушнудӣ зоҳир намуда, аз татбиқи босифати Лоиҳа ва нақшгузории он дар боло рафтани сифати хизматрасонии тиббӣ умедворӣ зоҳир намуданд.Зимни баргузории чорабинӣ мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Маъруфзода Суғдмеҳр вобаста ба ҳадафҳои калидии Лоиҳа ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни маърӯза зикр шуд, ки маҳз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар заминаи дасгириҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ба қадри имкон тавонистанд, ки дар сатҳи хуб амалӣ гардидани Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муваффақ гарданд. То ҷое ба ҳамагон маълум аст, дар соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманд созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расида, раванди амалисозии он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ оғоз шудааст.

Лоиҳа аз соли 2019 инҷониб Лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин қарор гирифт. Ҳамакнун амалисозии Лоиҳа бо ҳадафҳои мазкур дар 3 ноҳияҳои нави дигар Данғара, Дарвоз ва Айнӣ ба кори худ оғоз намудааст.

Дар баробари сохтмони муассисаи нави тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ аз ҳадафи навбатии Лоиҳа дониста мешавад, ки ҳамакнун иҷроиши корҳо дар ин самт оғоз карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои корҳои қисмати 3-юми Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа” 19-уми марти соли 2025 миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки бобати иҷрои корҳо дар ин масир Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва дигар идораҳо ҷалб карда шудаанд.Дар навбати хеш Муҳаммад Заҳур ва Маҳбуба Мамадатохонова кормандони намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад намуда, нақшаи корӣ ва ҳадафҳои татбиқи қисмати 3-юми Лоиҳаро муаррифӣ сохта, аз зарурати боло рафтани маърифати тиббӣ аҳолӣ маърӯзаи муфассал пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки дар қатори дигар ҳадафҳо зимни амалӣ гардони Лоиҳа дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 80 кати бистарӣ ба нақша гирифта шуда, дар ноҳияи Дарвоз Беморхонаи марказӣ бо иқтидори 100 кати бистарӣ ва дар ноҳияи Айнӣ шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ ба нақша гирифта шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *