Имрӯз дар доираи сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустии мамлакат ба дастовардҳои ҳамгуфти илмиву амалӣ дастёб шуда истодааст. Аз ҷумла азнавсозии иншооти тандурустӣ, бо муосиртарин дастгоҳ ва лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба рушду нумӯи соҳаи тиб дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард, ки раванди ворид намудани ислоҳот дар соҳа бо маром идома дорад.

Нақш ва манзалати амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳа ба пешрафт ва дастовардҳои ҳосилшуда дар ин самт назаррас мебошанд. Ҳамин аст, ки татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 то ба ин ҷониб маҳз бо ҳадафи ворид намудани ислоҳот дар соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ хоссатан ноҳияи Файзобод нигаронида шудааст.

Тибқи нақша дар доираи амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияи Файзобод бинои Беморхонаи марказӣ иборат аз 9 шӯъба (216 кати бистарӣ) таъмиру азнавсозӣ гардида, бинои Маркази ташхису табобатӣ иборат аз 6 шӯъба (19 кати бистарӣ) ва толори маҷлис бо ғунҷоиши 120 ҷойи нишаст сохта шуд.
Маркази ташхису табобатӣ аз шӯъбаҳои мазкур иборат мебошад;
Шӯъбаи қабул Шӯъбаи ёрии фаврии тиббӣ;
Шӯъбаи ташхис:
Шӯъбаи ҷарроҳӣ;
Шӯъбаи таваллуд-5 кат;
Шӯъбаи табобати интенсивӣ,
– кӯдакон-6 кат;
– калонсолон-8 кат.

Дар доираи амалигардонии Лоиҳа инчунин азнавсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ) ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ (кислород) ба анҷом расонида шудааст.
Таъмини таҷҳизоти тиббӣ ва маишӣ (мебел) барои беморхонаҳои ноҳиявӣ ва таъмини таҷҳизоти асосӣ ба муассисаҳои КАТС дар сатҳи ноҳия; хариди борхалтаҳои тиббӣ барои табибон ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ (28 адад барои табибон ва 169 адад ҳамшираҳо) ба анҷом расида, дастрас карда шудааст. Хариди 41 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ барои муассисаҳои КАТС, хариди 15 номгӯи таҷҳизоти иттилоотии барномаи коммуникатсионӣ барои маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат сурат гирифтааст.
Дар раванди амалисозии Лоиҳа бо мақсади таъмин намудани Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ иқдомоти амалӣ роҳандозӣ гардида, 124 номгӯй таҷҳизот ва мебелҳои соҳавӣ дастрас карда шудааст.

Бояд гуфт, ки татбиқи Лоиҳа дар ҳамоҳангии бевосита бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки мазкур сурат гирифта, маҳз ноҳияҳое интихоб шудаанд, ки вазъи хизматрасонии тиббӣ дар онҳо ҷавобгӯй ба талаботи давр набуд.
Дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.