Home > ХАБАРҲО > Оғози фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Оғози фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”

Имрӯз, 29 октябри соли равон бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” фаъолияти миссияи Бонки Осиёии рушд ба кори худ оғоз намуд. Маврид ба тазаккур аст, ки миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд тариқи маҷозӣ сурат гирифта, дар ҳайата он Себел Вонг – мутахассиси соҳаи тандурустии Бонки Осиёии рушд, Чарлс Санчес Симбилио – таҳлилгари хурди Бонки Осиёии рушд, инчунин доираи васеъи намояндагони Бонк иштирок намуданд.

Дар раванди баргузории миссия нахуст Шеравган Сатторов – менеҷери гурӯҳи татбиқи Лоиҳа аз ҳолати амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ маълумоти муфассал ироа намуд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст, ки он ҳам; 1. Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои пилотии Лоиҳа.2. Такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа.3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа.4. Идоракунии лоиҳа, мониторинг ва баҳодиҳӣ, меънидод мегардад.

Дар рӯзи нахусти вохӯрӣ миссияи Бонки Осиёии рушд аз ҳадафҳои калидии татбиқи Лоиҳа натиҷагирӣ намуда, раванди фаъолияти он ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки дар назар дошта шудааст, фаъолияти миссияи мазкур то санаи 31 октябри соли равон идома ёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *